Дар боғҳои Хатлон Сирки Узбекистон ҳунарнамоӣ мекунад

Декабрь 8, 2022 12:13

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 15 декабр дар шаҳри Бохтар- дар маркази маъмурии вилояти Хатлон Сирки Узбекистон «Вуадил Чанор» бо сафари ҳунарӣ баромад мекунад. Дилхоҳ хоҳишманд метавонад сиркбозонро тамошо кунад, зеро онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ройгон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Сафари ҳунарии сиркбозони узбек то моҳи феврали соли 2023 идома меёбад. Баъд аз шаҳри Бохтар онҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳунармандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳо баромад мекунанд. Барномаи сирк аз ҳунарнамоии дорбозон, масхарабозон, ҳуққабозон, варзиши вазнин ва чашмбандӣ иборат аст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд, тобистони соли равон ҳунармандони Сирки Узбекистон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сафари ҳунарӣ карда буданд. Пас аз вилояти Хатлон сафарҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намоиши Сирки Узбекистон дар доираи ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстонаи ду кишвар баргузор мешавад. Мувофиқи созишномаҳо, намояндагони Сирки Узбекистон барномаи худро дар қаламрави Тоҷикистон давоми соли ояндаи 2023 пурра намоиш хоҳанд дод.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сирки Узбекистон ба мӯҳлати як сол созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Тибқи ин санад, намояндагони Сирки Узбекистон барномаи ҳунарии худро дар Тоҷикистон тайи як сол намоиш медиҳанд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2022 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст