Дар даҳ моҳи соли равон беш аз 408 ҳазор нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз Хатлон дидан кардаанд
ДУШАНБЕ, 14.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 408 ҳазору 448 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд. Аз ин теъдод 15 ҳазору 570 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.
Тавре мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилшод Шоҳзода иброз дошт, дар айни ҳол дар ҳудуди вилоят 931 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 112 меҳмонхона, 130 мавзеи сайёҳӣ, 134 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 132 тарабхона, 43 осорхона, 18 ширкати сайёҳӣ, 119 чойхона, 306 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 61 ҳомстей ва гестхаус, 88 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 46 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгаштҳо мавҷуданд. Инчунин, 27 маркази иттилоотии сайёҳӣ ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Ҳамчунин бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба сайёҳон дастрас будани маълумот оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ сомонаи сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёгонро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.
Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алалхусус, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи Сарихосор дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз









Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






