Дар Душанбе нақшаи буҷети Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои соли 2023 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Абдулло Раҳмонзода доир гашт, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2023 баррасӣ ва барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ пешниҳод гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Зикр гардид, ки муҳимтарин чорабиниҳои соли 2023 Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин (23 сентябр — 8 октябри соли 2023), Бозиҳои 6-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Тайланд (17-16 ноябри соли 2023), Бозиҳои 2-юми зимистонаи «Бачаҳои Осиё» дар Кузбасси Россия (23 феврал — 5 марти соли 2023) мебошанд, ки ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин онҳо ширкат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ, баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ пеш аз Бозиҳои Осиё дар шаҳри Душанбе ва татбиқи барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё аз вазифаҳои дигари Кумита дар соли 2023 мебошанд. Дар ҷаласа сохтор ва воҳидҳои кории Кумита низ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






