Дар Озарбойҷон дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрократия* дар асри 21 ҳамоиши минтақавӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи «Идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрократия дар асри 21» ҳамоиши минтақавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш- муаррифӣ ва шиносоӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти арзёбии эҳтиёҷот дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрокатия* дар асри 21, табодули таҷриба ва ҳалли инноватсионии масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барои коршиносони мамлакатҳо мебошад.
Дар машварати омӯзишӣ аз Тоҷикистон муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ва намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариза Эргашева иштирок дошта, вобаста ба ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконияти рушди захираҳои инсонӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар рушди хизмати давлатӣ сухан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 42 кишвар ва 25 ташкилоти байналмилалии аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин шабака ҳамкорӣ дорад.
Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши кишварҳои пешрафта дар чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ иштирок менамоянд.
__________________
*Меритрократия — ин калимаи юнонии қадим буда, маънояш «сазовори ҳокимӣ, идоракунӣ» мебошад. Он принсипи идоракуниест, ки мувофиқи он одамони қобилиятнок новобаста аз пайдоиши иҷтимоӣ ва сарвати молиявиашон бояд вазифаҳои роҳбариро ишғол намоянд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






