ДАР САФЕД-ДАРА «МАВСИМИ ЯХБАНДӢ» ФАРО РАСИД! Барои онҳое, ки мехоҳанд Соли навро ба таври ҳақиқӣ ҷашн гирифта, ин идро хотирмон сипарӣ намоянд

Декабрь 30, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафед-Дара «мавсими яхбандӣ» фаро расид. Онҳое, ки тамошои мавзеъҳои зебову кӯҳҳои осмонбӯс ва манзараҳои нотакрор ва лижаю конкиро дӯст медоранд, акнун метавонанд аз ин манзараи нуқрафому дилкушои кишвар дидан намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» хабар доданд.

Садои форами мусиқӣ, бозиҳо рӯйи яхи шишагин, нӯшидани чойи гарму рухсораҳои гулгун — ин ҳамаро метавонед дар оғӯши табиати барфпӯши «Сафед-Дара» бубинед ва эҳсос намоед. Ва нафароне, ки мехоҳанд Соли навро ба таври ҳақиқӣ ҷашн гирифта, ин идро ба таври хотирмон сипарӣ намоянд, имкон доранд шоми 31 декабр соати 20:00 дар маҳфили «FIREWORKS PARTY» — «Шабнишинии Соли навӣ» иштирок намоянд.

Бояд зикр намуд, ки Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед — Дара» ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Он ягона мавзеи сайёҳии лижаронӣ дар мамлакат буда, дар километри 57-уми шаҳри Душанбе, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайёст.


Ҳамчунин онҳое, ки дӯстдори манзараи барфпушу яхбастааанд, имкон пайдо карданд бо автобус тавассути хатсайри мустақим, ки Ширкати «Asian Express» ба «Сафед-Дара» ба роҳ мондааст, худро ба он ҷо расонанд. Ҳаракати автобус ҳамарӯза аз соати 9:00 оғоз гардида, маблағи роҳ (рафту баргашт) 70 сомониро ташкил медиҳад. Нуқтаи раҳсипоршавӣ дар терминали мусофиркашонии Автовокзали Душанбе воқеъ мебошад.

АКС аз саҳифаи «Сафед-Дара» дар Facebook

Декабрь 30, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон