Дар Санкт-Петербург қазияи марги фарзанди муҳоҷирон аз Тоҷикистон таҳқиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар оилаи зодагони Тоҷикистон, ки дар Санкт-Петербург истиқомат доранд, кӯдаки сесола ба ҳалокат расидааст, хабар дод 78.ru бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Тавре агентии REGNUM иттилоъ додааст, кӯдак бемор шуда, дар хона, дар хиёбони Пискаревскийи ноҳияи Красногвардейский ба ҳалокат расидааст. Дарҳол пас аз ин ҳодиса пулис ба ҷои ҳодиса рафт.
«Онҳо ҷасади кӯдаки сесола, шаҳрванди Тоҷикистонро бе аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд. Ноболиғ дар қаламрави Федератсияи Россия сабти ном нашудааст», — гуфт манбаъ.
Маълум шуд, ки падару модар писарро дар хона табобат кардаанд. Ҳанӯз 5 декабр ӯ худро бад ҳис карда, табаш баланд шудааст, сулфа ва оби бинӣ низ пайдо шудаанд.
Аммо муҳоҷирон ба табиб муроҷиат накарда, танҳо бо доруҳои аз дорухона харида ӯро табобат кардаанд.
Падари ин писарбача, ҷавони 26-солаи тоҷик, ба таври ғайрирасмӣ ба ҳайси хаткашон кор мекунад, аммо патент дорад. Модари 23-сола дар кишвар бидуни қайд зиндагӣ дорад ва дар ягон ҷо кор намекунад.
Аз рӯи ин далел тафтиш идома дошта, коршиносон сабаби дақиқи марги ноболиғро муайян мекунанд.
АКС аз бойгонӣ








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






