Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корхонаи коркарди мис, сурб ва нуқра бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корхонаи коркарди мис, сурб ва нуқра таъсис ёфта, дар он то 150 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истиқлол 14 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи корхонаи нав шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди мис, сурб ва нуқра аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта шуда, лоиҳаи он аллакай пурра омода шудааст. Корҳои сохтмонии корхонаи мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида мешаванд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз муҳимияти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар шаҳри Истиклол барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ зарфият ва имконоти зиёд мавҷуд аст. Дар сурати бунёди корхонаҳои нав ҳам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад ва ҳам шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






