Дар Стокголм барандагони ҷоизаи нобелӣ мукофотонида шуданд

Декабрь 12, 2022 12:40

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳи Шветсия Карли 16 Густав рӯзи шанбеи 10 декабр дар Филармонияи Стокголм ҷоизаҳои Нобелро дар бахшҳои тиб, физика, кимиё, адабиёт ва иқтисод тақдим кард. 11 нафар барандаҳо аз дасти монарх диплом ва медалҳои тилло гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Еuronews хабар медиҳад.

Раиси раёсати Бунёди Нобел Карл Ҳенрик Ҳелдин зимни ифтитоҳи маросим ёдовар шуд, ки пандемияи COVID-19 ба баргузории маъмулии маросими ҷоизасупорӣ дар Стокголм дар солҳои 2020 ва 2021 монеъ шуд. «Азбаски пандемияи коронавирус барои баргузории ҷашнҳои мунтазам дар ду соли охир ба мо халал расонид, имсол мо аз дидани толори пур аз барандагони Ҷоизаи Нобел боз ҳам хушҳолем», — изҳор дошт ӯ.

Хелдин инчунин аз таъсисдиҳандаи мукофот ёдовар шуд. «Дар васиятномаи худ Алфред Нобел зикр кардааст, ки ҷоиза ба онҳое дода мешавад, ки новобаста аз миллаташ ба инсоният фоидаи бештар овардааст».

Дар саҳна инчунин дорандагони ҷоизаҳои солҳои 2020 ва 2021 ҳузур доштанд, зеро бар асари пандемия ҷоиза ба ғолибон дар хонаҳояшон тақдим гардида буд.

Пас аз супоридани мукофотҳо барандагон, меҳмонон, аъзои оилаи подшоҳӣ ва ҳукумат, намояндагони аҳли илм, тиҷорат ва фарҳанг ба зиёфати анъанавӣ ба бинои маъмурияти Стокголм равона шуданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 12, 2022 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид