ДАР ТОҶИКИСТОН ДОКТРИНАИ НАВИ ҲАРБӢ ҚАБУЛ МЕКУНАНД. Сарвари давлат дастур доданд, ки Консепсияи мудофиаи миллии кишвар таҳия карда шавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон мудофиаи миллиро навсозӣ кардан зарур аст. Дар ин бора 23 декабр дар Паёми солонаи худ ба Парлумон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.
«Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
Аз ин рӯ, бино ба таъкиди Президенти мамлакат, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароиши ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гиранд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Пешвои миллат бар онанд, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Аз ин рӯ, ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар мебошад.
«Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем», — таъкид карданд Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба ин Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Доктринаи қаблии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 октябри соли 2005 аз ҷониби Парулмони мамлакат ба тасвиб расида буд. Дар он гуфта мешавад, ки Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи нишондиҳандаҳои расмиеро, ки асосҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, ҳарбӣ-стратегӣ ва ҳарбӣ-иқтисодии таъмини амнияти ҳарбии кишварро муайян мекунанд, дар худ таҷассум мекунад. Доктринаи ҳарбӣ ҳуҷҷати давраи гузариш – даври ташаккули давлатдории демократӣ, иқтисодиёти гуногунсохт, навсозии ташкили ҳарбии давлат, тағйироти босуръати низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






