Дар Тоҷикистон намояндагии КВД федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Россия ифтитоҳ меёбад

Декабрь 21, 2022 15:14

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии федералии «Хадамоти шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ифтитоҳ мегардад. Ин матлаб 20 декабр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат зимни ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Россия баён гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва қонунгузории Федератсияи Россия ва гузаронидани муоинаи тиббӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар кори ҷаласа муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ, муовини сардори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия Денис Василев ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи мазкур доир ба татбиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Россия аз 17 апрели соли 2019 баргузор гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот имкони ҷалби кадрҳоро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи имрӯзаи бозори меҳнати Россия ва ташкили пойгоҳи таълимӣ барои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳои стандартҳои давлатии таҳсилоти ибтидоии касбии Федератсияи Россия мавриди таҳлил қарор доданд.

Гуфта шуд, ки муовини сардори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Россия Денис Василев бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошта, дар назар аст, ки аз муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намояд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Декабрь 21, 2022 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид