Дар Женева ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба об ва тағйирёбии иқлим муаррифӣ шуданд

Декабрь 14, 2022 10:13

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария аз ҷониби роҳбарияти ҳайати Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор 2018-2028”, эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Устувор, муаррифии Стратегияи «иқтисоди сабз» барои давраи то соли 2037, инчунин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва буҳронҳои ҷаҳонӣ маълумот ироа гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Саммити мазкур, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария якҷо бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардидааст, аз 12 то 14 декабр идома меёбад.

Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат Абдураҳмон Абдураҳмонзода ширкат дорад.


А. Абдураҳмонзода роҷеъ ба аҳамияти маблағгузории соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ сухан гуфта, аз шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар ин раванд даъват ба амал овард.

Дар ҳошияи саммит ҷаласаҳои алоҳида дар бахшҳои муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, рушди “иқтисоди сабз”, тандурустӣ, маориф ва илм, таъмини амнияти озуқаворӣ, барқарорсозии иқтисодиёти ҷаҳонӣ пас аз COVID-19, баробарии гендерӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дастгирии бахши хусусӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардиданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш Эъломияи «Саммити ҳамкории самаранок барои рушд 2022» қабул мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Декабрь 14, 2022 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад