Дастовардҳо ва имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷопон муаррифӣ шуданд

Декабрь 2, 2022 09:14

ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр дар Токиои Ҷопон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ зери унвони «Эҷоди пулҳо барои рушди устувор» ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон хабар медиҳад.

Форуми сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ (CAIF) бо ибтикори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Ҳукумати Ҷопон, Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва шарикони мизбон ташкил карда шуд.

Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи пленарӣ иштирок карда, дар бораи дастовардҳои кишвар дар сӣ соли истиқлол ва рушди сиёсати ҷалби сармоягузорӣ сухан гуфт.

Дигар аъзои ҳайат дар панелҳои тахассусӣ иштирок ва суханронӣ карда, ба суолҳои иштирокдорони форум посух гуфтанд.

Дар қатори ҳайати расмӣ дар ҳошияи форум инчунин шуморе аз соҳибкорони ватанӣ, ки дар форум ширкат доштанд, бо ҳамтоёни ҷопонии худ гуфтушунидҳои корӣ баргузор намуданд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон

Декабрь 2, 2022 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд