ФУТБОЛ. Дар Душанбе бурсҳои мураббигӣ оид ба фитнес дар доираи барномаи КФО «Level 1В» ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бурсҳои (курсҳои) панҷрӯзаи омӯзишии мураббиёни фитнеси Конфедератсияи футболи Осиё «AFC Fitness Coaching Certificate Course – Level 1B» оғоз шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастурдиҳандаи бурсҳо инструктори КФО Ғуломризо Ҷаҳонӣ аз Эрон мебошад. Барномаи семинари панҷрӯза аз омезиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии тарбияи ҷисмонӣ дар футбол иборат аст.
Дар маросими ифтитоҳии бурсҳо КФО барои мураббиёни фитнес директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ширкат варзида, ба довталабон барори кор таманно кард.
Дар бурсҳо ҳамчунин сармураббиёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Далер Каёсов (дастаи мунтахаби U-14), Раҳматулло Фузайлов (дастаи U-16), Мубин Эргашев (дастаи U-23), Фарҳодҷон Холбеков (дастаи духтарона U-15) ва Иззатулло Исоқов (дастаи мунтахаби духтаронаи то 18-сола) ширкат намуданд. Ба ҷуз аз онҳо Сиёвуш Боев, Бахтиёр Ҳакимов, Рустам Хоҷаев, Субҳон Хоҷамов, Ҷомихон Муҳиддинов, Олимшо Қадамшоев, Рустам Абдуллоев, Ҷаваршоҳ Шоҳғиёсов, Зариф Усмонов ва Алишер Тухтаев ширкаткунандагони бурсҳо мебошанд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






