ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Аргентина пас аз 8 сол дубора ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

Декабрь 14, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 14.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 14 декабр бозии якуми марҳилаи нимфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар дастаи мунтахаби Аргентина бар Хорватия бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯқз гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Бозии мазкур дар варзишгоҳи «Лусаил» баргузор шуда, голҳоро дар ин вохӯрӣ Лионел Месси ва ду маротиба Хулиан Алварес ба нишон расониданд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Аргентина пас аз 8 сол дубора ба финали Чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки дар бозии дигари нимфинал дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Марокаш иштирокчии навбатии даври финалиро ин шаб муаяйн месозанд. Дастаи мунтахаби Хорватия ҳоло барои медали биринҷӣ рақобатро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Фаронса чемпиони кунунии ҷаҳон ва Хорватия — барандаи медали нуқра мебошад.

АКС аз Global Look Press

Декабрь 14, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд