ФУТБОЛ. Игор Черевченко метавонад сармураббии «Истиқлол» шавад
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби чемпионати Тоҷикистон дастаи футболи «Истиқлол» ба Игор Черевченко шартнома пешниҳод кардааст. Ба гуфтаи манбаъ аз хабаргузории «Sputnik»-и Россия, шояд ояндаи наздик музокироти ҷонибҳо идома ёбад, зеро Черевченко барои сармуррабии яке аз дастаҳои футболи Осиёи Марказӣ шудан мухолиф нест.
Ҳамзамон зодаи Тоҷикистон дар заминаи касби мураббигӣ пешниҳодҳои зиёде дарёфт кардааст. Маълум аст, ки Черевченко ин шартҳоро бо якчанд дастаҳои дигар муҳокима мекунад, ки миёни онҳо дастаҳои ИДМ низ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2021 Игор Черевченко вазифаи сармураббии дастаи «Химки»-ро тарк кард. Сабаби рафтани ӯ мушаххас нашудааст, аммо тарафҳо бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ карданд.
Қаблан Черевченко дар мусоҳиба бо расонаҳои Россия гуфта буд, ки нияти қатъи мураббигиро надорад ва имконоти мухталифи кор, аз ҷумла аз кишварҳои Осиёро баррасӣ мекунад. Ӯ нақша дошт, ки аллакай зимистон дастаи нави футболро роҳбарӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ писари футболбози маъруф, ҳоло марҳум Геннадий Черевченко аст, ки тақрибан тамоми фаъолияти худро дар «Помир»-и Душанбе гузаронида, солҳои зиёд ба ҳайси сарбони ин даста фаъолият кардааст.
Солҳои 1993-1994 Игор Черевченко дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, бо бозиҳояш дар дастаи «Локомотив»-и Москва низ маъруф аст. Дар нимаи дуюми солҳои 90-ум ӯ яке аз бозигарони асосии даста буд. Яке аз се футболбози Федератсияи Россия ҳамроҳ бо Дмитрий Парфенов ва Сергей Семак аст, ки ҳам ҳамчун бозигар ва ҳам чун сармураббӣ Ҷоми Россияро ба даст овардаанд.
Игор Черевченко Душанбеи азизашро фаромӯш намекунад ва тақрибан ҳар сол ба ин ҷо омада, дар Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба поси хотири падараш мусобиқаи кӯдакона мегузаронад. Ин аст иқтибосе, ки ӯ ба хабарнигори «АП» соли 2019 зимни ин мусобиқа додааст.
АКС: ФФТ/АМИТ «Ховар»








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






