ГЎШТИН: Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии «Таҳсил» дар Боку сазовори медали тилло шуд

Декабрь 19, 2022 09:54

ДУШАНБЕ, 19.12.2022 /«Ховар»/. Гўштингири ҷавони тоҷик Муҳаммадамин Абдуллоев дар Мусобиқаи байналмилалии «Таҳсил» миёни наврасони то 17-сола сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гўштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шурўъ шуд, ки то 19 декабри соли равон идома меёбад.

Муҳаммадамин дар вазни -80кг-и гўштини тарзи озод бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, дар финал варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжолро шикаст дод.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Декабрь 19, 2022 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот муайян шуданд
Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд насби чароғу сутунпояҳо оғоз гардид
Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад
Соли 2024 варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 530 медали тилло ба даст оварданд
Варзишгарони Вазорати мудофиа соҳиби 38 медали тилло гардиданд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
Дар шаҳри Хоруғ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилоят мусобиқа оид ба волейбол идома дорад
Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими миллии Қирғизистон пирӯз шуд
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Тоҷикистонро аз намуди гӯштини ҷудо паҳлавонони шинохта муаррифӣ мекунад
Ваҳдат Ҳанонов фаъолияташро дар дастаи футболи «Сипоҳон»-и Эрон давом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба шаҳри Парижи Фаронса сафар намуд