Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир мешавад

Декабрь 8, 2022 17:10

ДУШАНБЕ, 08.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр, соати 9:00 Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Ба рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе «Оид ба натиҷаи ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2022» ироа гардида, инчунин лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2023 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2021 баррасӣ мегардад.

Ҳамзамон масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025» ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима карда мешаванд.

Тибқи қарори дахлдор, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шудааст. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то 19 декабри соли 2022 таклифҳои мушаххас пешниҳод менамоянд.

Ёдрас мешавем, ки Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 22 декабри соли 2022, соати 900 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 даъват карда мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 8, 2022 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд