ИМРӮЗ ДАР АРГЕНТИНА БА ШАРАФИ ПИРӮЗӢ ДАР ЧҶ-2022 РӮЗИ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН ШУДААСТ. Дастаи мунтахаби футболи кишвар дар иҳотаи полисҳои шутурсавор гузашти чемпионӣ доир намуд

Декабрь 20, 2022 12:26

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Аргентина пас аз пирӯзӣ бар Фаронса (бо ҳисоби 3:3, 4:2 аз рӯи пеналтӣ) дар финали ЧҶ-2022 гузашти чемпионӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Автобуси сафеду кабудро полиси шутурсавори Қатар ва мошинҳои дигар идораҳои қудратии кишвар ҳамроҳӣ мекарданд. Ғайр аз ин, дар гузашт тилисмҳои чемпионатҳои ҷаҳон иштирок карданд.

Ҳукумати Аргентина расман 20 декабрро рӯзи истироҳат эълон кард, то шаҳрвандон тавонанд пирӯзии дастаи мунтахаби кишварашонро дар Чемпионати 22-юми  ҷаҳон оид ба футбол таҷлил намоянд.

Интизор меравад, ки дастаи мунтахаб рӯзи сешанбе, дар нисфирӯзӣ бо вақти маҳаллӣ бо автобуси болокушода дар атрофи Буэнос-Айрес сайр кунад.

Гуфта мешавад, ки президенти Аргентина Алберто Фернандес бо далели амниятӣ бозигарони дастаи мунтахабро дар қароргоҳи расмии худ истиқбол намекунад.

Тавре қаблан хабар дода шуд, вақти асосӣ ва изофии бозӣ бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт. Мбаппе се ва Месси дуголӣ  заданд. Дар зарбаҳои пеналтӣ футболбозони аргентинӣ боқувваттар баромаданд – 4:2.

Дастаи мунтахаби Аргентина бори сеюм дар таърих чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.

Ҳамлагари фаронсавӣ Мбаппе ҷоизаи «Бутсаи тиллоӣ» -и  ЧҶ-2022-ро сазовор шуд. Дарвозабони аргентинӣ Эмилиано Мартинес барандаи «Дастпӯшаки тиллоӣ» — и ЧҶ дар Қатар шуд. Месси беҳтарин бозигари ЧҶ-2022 дар Қатар дониста шуд.

АКС: Martin Meissner / AP

Декабрь 20, 2022 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид