Кони Камароб сохторҳои буҷетии ноҳияҳои Рашту Тоҷикободро бо ангишти хушсифат таъмин намуд
РАШТ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» соли равон зиёда аз 60 ҳазор тонна ангишт истихроҷ ва ба корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва хоҷагии халқи мамлакат пешниҳод гардид, иттилоъ доданд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД масъулини ҷамъияти мазкур.
Кони ангишти «Камароб» дар баландии беш аз 3500 метр дар дараи Камароби ноҳияи Рашт воқеъ мебошад.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023» Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишти Камароб» бо муассисаҳои буҷавии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод шартнома баста, мувофиқи талабот муассисаҳои буҷавии ноҳияи Раштро бо 1994 тоннаю 756 кг ангишт ва сохторҳои буҷавии ноҳияи Тоҷикободро бо 464 тоннаю 880 кг ангишти хушсифат сари вақт таъмин намуд.
Роҳбарияти ширкат дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбони ноҳияи Лахш 25 тонна, ба ниёзмандону ятимон ва маъюбону иштирокчиёни ҶДҶ ва шахсони ба онҳо баробаркардашудаи ноҳияи Рашт 100 тонна ангишти ройгон кумак расониданд.
Барои ба аҳолӣ дастрас гардидани ангишти Камароб дар ноҳияи Рашт се нуқтаи фурӯш ва дар ноҳияи Лахш як нуқтаи фурӯши ангишт ташкил шудаанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






