Масъалаи раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Декабрь 22, 2022 09:02

ДУШАНБЕ, 22.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон, тавонбахшии тиббию иҷтимоии кӯдакони маъюб аз нигоҳи нав ва мушкилоту ҳамкорӣ барои дастгирии ин табақаи ҷомеа 21 декабр дар Китобхонаи миллӣ зимни ҳамоиши илмӣ-амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Ҳамоиши мазкур таҳти унвони «Раванди маъюбшавии кӯдакон дар Тоҷикистон: вазъият, дастовардҳо, мушкилот ва ояндабинӣ. Тақвияти шарикӣ ва ҳамкорӣ дар самти маъюбии кӯдакон» доир шуд.

​ Зикр шуд, ки шахсони осебпазир, хусусан кӯдакони ятим ва маъюб дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим ишғол менамоянд. Ин гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таҳти ғамхории давлат қарор дошта, дар баробари пардохти нафақа ба татбиқи ҳуқуқу кафолатҳои барои онҳо дар қонунгузории​ ҷумҳурӣ пешбинишуда, аз ҷумла таъмини тавонбахшӣ дар муассисаҳои хизматрасониҳои иҷтимоии шаклҳои​ гуногун дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ​ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» қонунҳо ба тавсиб расидаанд. Инчунин дар мамлакат «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» ва Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон аз соли 2018 амал мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ раиси кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Гулбаҳор Ашурзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, шарикон оид ба рушд, роҳбарони якчанд муассисаи ҷумҳуривӣ ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

​АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

 

Декабрь 22, 2022 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд