Масъалаи таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар партави стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд

Декабрь 1, 2022 15:37

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шӯрои Аврупо таҳти унвони «Абзорҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар партави стандартҳои аврупоӣ ва байналмилалӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар конфронс Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён, роҳбари намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, инчунин 100 нафар намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ширкат намуданд.

Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён зикр намуд, ки баробари ба даст овардани Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишҳои олӣ этироф шуда, эътибор, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ин ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст. «Масъалаи мазкур дар меҳвари хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати амалӣ намудани он мунтазам ба мақомоти давлатӣ дастуру супоришҳои дахлдор дода мешаванд. Ҳамчунин Тоҷикистон ба сатҳи нави муносибатҳои байналмилалӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ баромада, сиёсати дарҳои кушодаро интихоб намуд ва эълон кард, ки ҳамкориро бо тамоми давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба роҳ мемонад»,-афзуд М.Ашуриён

Конфронси мазкур дар доираи Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2020-2023 ташкил карда шуд. Мақсад аз таъсиси он муҳокимаи комёбӣ ва мушкилоти марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон то ба имрӯз узви 7 санади умумиэътирофшудаи байналмилалии асосӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад.

Ба гуфтаи роҳбари намояндагӣ ва Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис, Иттиҳоди Аврупо барои шароити мусоид фароҳам овардан ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. «Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи волоияти ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ «чемпион»-и татбиқи ин лоиҳа дар ҷаҳон маҳсуб мешавад»,-зикр намуд ӯ.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2028 қабул намудааст, ки он рушди ҳаёти ҳуқуқи ҷомеа, таҳкими пояҳои низоми ҳуқуқӣ, таҳияи қонунгузорӣ бо дарназардошти рушди устувори ҷомеа, таҳкими соҳибихтиёрии давлат, идораи давлатӣ, рушди ҳаёти ҳуқуқӣ, ворид шудани Тоҷикистон ба фазои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолиро танзим менамояд.

Музаффар Ашуриён иттилоъ дод, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқии аввалиндараҷа имрӯз дар 37 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуқуқшиносони давлатӣ фаъолият доранд. Инчунин тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон ба роҳ монда шуда буд.

«Соли 2022 корҳо дар ин самт тақвият дода шуд ва аз 12 сентябри соли 2022 ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуд. Аз аввали фаъолияти Маркази ёрии ҳуқуқӣ то имрӯз ба 52 ҳазору 117 нафар ёрии ҳуқуқии аввалиндараҷа дар намуди машварати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ расонида шуд»,-иброз дошт Вазири адлияи кишвар.

Бояд гуфт, ки конфронс дар иртибот ба маъракаи солонаи байналмилалии «16 рӯзи амал бар зидди зӯроварии гендерӣ» (25 ноябр-10 декабр) ва Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) баргузор карда шуд. Мубоҳисаҳо дар доираи ду мавзӯи мубрам: мубориза бар зидди зӯроварӣ дар оила ва риояи ҳуқуқи инсон дар масъалаи истирдод сурат гирифтанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2022 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ соли охир музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон 100 фоиз зиёд карда шуд
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон даври якуми таҳсил оғоз гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҳамоиш доир шуд
Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид