Миёни Тоҷикистон ва Кувайт нахустин парвоз ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 декабр миёни Тоҷикистон ва Кувайт нахустин парвоз ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати ҳавопаймоии кувайтии «Ҷазира Эйрвейз» («Jazeera Airways») 29 декабр нахустин парвози худро аз рӯи хатсайри Кувайт-Душанбе-Кувайт анҷом медиҳад, ки иқдоми навбатӣ дар ҷодаи фатҳи самтҳои нави парвоз ва мусоидат ба иртибот миёни мардумон мебошад.
Ҳавопаймо бояд соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ фуруд омада, пас аз 1 соату 30 дақиқа боз ба самти Кувайт баргардад.
Таъкид гардид, ки ифтитоҳи парвозҳои мустақим бо кишвари рушдкардаи халиҷ — Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба Тоҷикистон хидмат хоҳад кард.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






