МУНДИАЛ*, ФИНАЛ. Дар бозии ҳалкунандаи Чемпионати ҷаҳон дастаҳои мунтахаби Аргентина ва Фаронса бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 декабр, дастаи мунтахаби Фаронса дар бозии дуюми нимфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бар Марокаш бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и шаҳри Ал-Хора баргузор шуд.
Голҳоро Тео Эрнандес (дақиқаи 5-ум) ва Рандал Коло-Муани (79) заданд. Дарвозабон ва сарбони дастаи мунтахаби Фаронса Уго Лорис бозии 19-уми худро дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон анҷом дод ва дар ин нишондиҳанда бо Мануэл Нойери олмонӣ миёни дарвозабонҳо дар мақоми аввал ҷой гирифт.
Дар бозии финалӣ 18 декабр дастаи мунтахаби Фаронса бо тими Аргентина, ки рӯзи сешанбе бар хорватҳо (3:0) пирӯз шуда буд, бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
17 декабр дастаи мунтахаби Марокаш дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо тими Хорватия вомехӯрад, бозӣ соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Фаронсавӣ бори дуюм паиҳам ба финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол роҳ ёфтанд, соли 2018 дар бозии ҳалкунанда дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москва хорватҳоро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, чемпиони ҷаҳон шуданд.
Ду маротиба паиҳам танҳо итолиёвиҳо (1934, 1938) ва бразилиягиҳо (1958, 1962) чемпиони ҷаҳон шудаанд. Дастаи мунтахаби Фаронса бори чаҳорум ба финали ЧҶ баромад. Соли 1998 дар ЧҶ фаронсавиҳо дар бозии ҳалкунанда бар бразилиҳо пирӯз (3:0) ва соли 2006 дар Олмон аз итолиёиҳо мағлуб шуда буданд (аз рӯи зарбаҳои 11-метра 1:1, 3:5).

Дастаи мунтахаби Марокаш аввалин тими Африқо шуд, ки ба даври нимфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол роҳ ёфт. Қаблан аз ин қора ҳамагӣ се даста, ба ҷуз аз тими Марокаш- дастаҳои Сенегал соли 2002 ва Гана соли 2010 тавонистанд ба марҳали чаҳорякфинали ЧҶ бирасанд. Сенегалиҳо дар бозии чорякфинал аз туркҳо шикаст хӯрданд (вақти изофӣ 0:1), дастаи Гана аз Уругвайҳо (аз рӯи зарбаҳои 11-метра 1:1, 2:4) шикаст хӯрд. Пеш аз ин, беҳтарин натиҷаи дастаи Марокаш дар чемпионати ҷаҳон ба ⅛-финал баромадан дар соли 1986 буд, ки он вақт дар ин марҳила марокашиҳо аз дастаи мунтахаби Олмон (0:1) шикаст хӯрданд.
Дастаи мунтахаби Аргентина ду маротиба дар Чемпиони ҷаҳон (1978, 1986) пирӯз шудааст. Ғолиби бозии финалӣ аз рӯи шумораи ҷоизаҳо дар чемпионати ҷаҳон ҷои сеюмро ишғол хоҳад кард. Аз рӯи шумораи ғолибият дастаи миллии Бразилия панҷ бор, итолиявиҳо чор маротиба соҳиби ҷом гардидаанд. Дастаи мунтахаби Уругвай ду маротиба ва Англия як маротиба ғалаба кардаанд.
_____________
* Калимаи «мундиал» ҳанӯз соли 1982 паҳн шуда буд. Он сол Испания бори аввал дар таърихи худ мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол гардид. Ба ин мусобиқаи варзишӣ ба забони испанӣ номи расмии Copa Mundial de Futbol дода шуд. Калимаи mundial (дар талаффузи аслии «mundiale») ҳамчун «умумиҷаҳонӣ» тарҷума мешавад.
ДАР АКС: лаҳзаҳои бозии Фаронса – Марокаш. Акс Reuters








PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид






