Намояндагони Тоҷикистон дар Ереван дар ҷаласа оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Насимзода, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҳусейн Халилзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз таҳти раёсати муовини аввали Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Александр Горовой баргузор шуд.
Зимни ҷаласа Акбар Насимзода зикр кард, ки «танзими равандҳои муҳоҷират аксаран ҳалли мушкилоти мураккабро тақозо мекунад ва мо бояд ҳамкориро дар бисёр соҳаҳо инкишоф диҳем. Таъсиси заминаи ҳуқуқӣ, ошкор ва рафъи роҳҳо ва созмондиҳандагони муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳияи равиши ягона барои амалӣ намудани назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, кор бо гурезаҳо, табодули иттилоот ва иҷрои дархостҳо самтҳои асосии фаъолияти муштарак мебошанд».
Дар ҷараёни ҷаласа вазъи муҳоҷират дар кишварҳои узви СААД, чораҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати кишварҳои узви СААД ва натиҷаҳои чорабинии «Нелегал-2022» баррасӣ гардиданд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СААД оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.
Акс: ВКД ҶТ









ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






