Натиҷаҳои ниҳоии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» дар 10 ҷилд ба нашр мерасанд

Декабрь 31, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 31.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои ниҳоии «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» то соли 2024 дар 10 ҷилд ҷамъбаст ва дастраси истифодабарандагон мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нишасти Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20 декабр баргузор гашт, иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи маълумот оид ба натиҷаи ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020-ум, 9657,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2092,5 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз зиёд шудааст. Тибқи маълумоти ҷамъбастии натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, дар соли 2020 аҳолии шаҳр 2536,5 ҳазор нафар ё 26,2 фоиз, аҳолии деҳот 7120,5 ҳазор нафар ё 73,8 фоизро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи умумии мардҳо 4897,9 ҳазор нафар ва занҳо 4759,1 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шуд. Агентии омори назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидани ин маъракаи умумиҷаҳонӣ «Барномаи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»-ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд.

Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се тарз-яъне пур кардани варақаҳои барўйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва усули анъанавии пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот сурат гирифт.

Дар ҷараёни барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 технологияи муосир истифода шуда, беш аз 35 ҳазор барӯйхатгирандагон фаъолият намуданд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ», ки 19 майи соли 2009 қабул шудааст, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар тоҷикистон солҳои 2000, 2010 ва 2020 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки 23 июли соли 2022, соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе писаре ба дунё омад, ки сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ба ӯ Фирдавс ном гузоштанд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Декабрь 31, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд