ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

Декабрь 4, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 04.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои  қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 0+5 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук,  рӯзона 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4- 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан  бориши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои  қисман абрноки асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 4, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад