Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Сентябрь 17, 2026 08:10

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат  хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят бориши борон ва  барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимол раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 17+19 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 17, 2026 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст