Ғолибони озмуни стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022 – 2023 муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони озмуни стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022 – 2023 муайян гардиданд. Дар он 3000 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун ғолибони озмун дониста шуда, давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи президентӣ ҳар моҳ ба маблағи 600 сомонӣ таъмин мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини Cардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода хабар дод.
Стипендияи президентӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 тасдиқ шуда, ҳамасола дар асоси низомномаи мазкур озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон гузаронида шуда, ғолибон муайян ва давоми соли таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд.
Аз таъсиси стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои президентӣ ва маблағи онҳо марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи эълони намудани соли 2017 Соли ҷавонон теъдоди стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди гирандагони он аз 400 адад ба 3000 адад ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин беҳтарин иқдом барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду фаъол мебошад.
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 ҳаҷми маблағи он ба 600 сомонӣ расонида шуд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






