Пешвои миллат: «Ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳамияти хосса доранд»

Декабрь 31, 2022 09:50

ДУШАНБЕ, 31.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нав хотирнишон намуданд, ки соли 2022 дар ҷодаи тақвияти пояҳои истиқлолияти давлатӣ, муаррифии шоистаи кишвар ва таҳкими нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соли махсусан назаррас буд.

Дар ин давра, бино ба таъкиди Сарвари давлат, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ ёфтани иқдому ташаббусҳои Тоҷикистон на танҳо барои мо, балки барои ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аҳаммияти хосса пайдо карданд.

«Илова ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси навбатии мо оид ба «Соли байналмилалии пиряхҳо» эълон намудани соли 2025 якдилона дастгирӣ ёфт», — ёдовар шуданд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат тазаккур доданд, ки ин рӯйдоди муҳиму таърихӣ, бешубҳа, гувоҳи эътирофи нақши арзишманд ва мақоми шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қатъномаи мазкур 14 декабри соли 2022 қабул карда шуд.

Дар асоси он пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба эълон намудани 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва вобаста ба ин мавзӯъ дар соли 2025 дар шаҳри Душанбе гузаронидани конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 31, 2022 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»