Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Инятсио Кассис барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Лутфан табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати фаро расидани 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария бипазиред.
Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда робитаҳои гуногунарсаи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири доираи васеи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои судманду созанда мебошанд.
Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки дар марҳалаи рушди босубот қарор гирифтаанд, назари нек дорад.
Мо ҳамеша алоқаманди пешбурди самарабахши ин муносибот дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва омодаем, ки бо саъю талошҳои муштараки минбаъда ба раванди таҳкиму тавсеаи онҳо такони тоза бахшем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу комёбиҳо, ба мардуми дўсти Конфедератсияи Швейтсария сулҳу субот ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






