Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Декабрь 13, 2022 16:08

ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 декабр бо ташаббуси ҷониби Россия суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Россия Сергей Лавров баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазирон масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия ва ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатиро баррасӣ намуданд.

Зимни суҳбат мубодилаи афкор атрофи ҳамкории ду кишвар дар доираи СҲШ, СААД ва дигар созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 12 декабр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти анъанавии сафирони давлатҳои аъзои ИДМ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров иштирок кард.

Зимни мулоқот фаъолияти муштарак дар доираи созмонҳои минтақавии ҳудуди ИДМ дар соли 2022 натиҷагирӣ шуд. Миёни ҷонибҳо андешаҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварӣ дар он дидор буданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 13, 2022 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд