Соҳибкорони тоҷику эронӣ дар Машҳад мулоқот мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Машҳад конфронс бахшида ба имкониятҳои равобити савдои Тоҷикистону Эрон ва сармоягузорӣ дар тиҷорат баргузор мешавад. Чорабинӣ рӯзи 21 декабр баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов хабар дод.
Ба гуфтаи Ҳ. Раҷабов, аллакай аз ҷониби Тоҷикистон гуруҳ таъсис дода шудааст, ки роҳбарии онро Раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов ба уҳда дорад. Сафари гуруҳи Тоҷикистон аз 17 то 21 декабр идома хоҳад кард.
Тавре Ҳ. Раҷабов иброз дошт, 17 декабр миёни ду ҷониб мулоқот дар шакли B2B (business-to-business) доир ба имконоти сармоягузорӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон ва Эрон баргузор мешавад, ки аз ҷониби Палатаи савдои Тоҷикистон ва Палатаи савдо, саноат, канданиҳои фоиданок ва кишоварзии Эрон ташкил карда шудааст. Дар мулоқот соҳибкорон ва тоҷирони ду кишвар, ки дар соҳоти саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии муҳандисӣ фаъолият доранд,ширкат хоҳанд кард.
Дар доираи ин сафар соҳибкорони тоҷик аз як қатор корхонаҳои тахассусии вилоятҳои Хуросони Разавӣ ва Исфаҳон дидан намуда, табодул таҷриба менамоянд.
21 декбар дар ҳошияи конфронс намоиши молу маҳсулоти ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он ширкатҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла, дар бахши ғизо, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти сузишворӣ иштирок менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 5 ва 6 декабр дар Теҳрон нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Ба гуфтаи муовини Вазири корҳои хориҷии Эрон Маҳдӣ Сафарӣ, мавзӯҳои гуфтугӯ бахшҳое аз қабили тиҷорат, молия, энергетика, нақлиёт, саноат, хидматрасонии муҳандисӣ, тандурустӣ ва сайёҳиро дарбар гиифтанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






