ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, якшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2022 аст

Декабрь 18, 2022 08:00

18 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

***

10 сол пеш, 18 декабри соли 2012  дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум пас аз суханрониҳо ва баррасии пурра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуд.

18 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 

Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон

***

Рузи байналмилалии забони арабӣ

***

Дар Қатар – Рӯзи миллӣ.

***

Дар Нигер – Рӯзи ҷумҳурӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 декабри соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд Фестивали байналмилалии телевизионии «Донак-2008» баргузор гардид.

***

18 декабри соли 2009 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ҳолат, мушкилот ва дурнамои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Федератсияи байналхалқии футбол — ФИФА раддабандии нави дастаҳои мунтахаби ҷаҳонро оид ба футбол эълон намуд, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон зинаи 135-умро ишғол кард.

***

18 декабри соли 2018 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти раёсати Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ ҷаласаи моҳонаи кишварҳои узви Гурӯҳи Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор гардид.

***

18 декабри соли 1929 дар Британияи Кабир ҳукми қатл барои одамкушӣ расман бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1956 Япония ба узвияти СММ шомил шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1973  Бонки исломии рушд таъсис ёфт.

***

Соли 1998 дар Тоҷикистон аввалин интернет-провайдер ба кор даромад.

Декабрь 18, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш