Тоҷикистон омода аст дар муқовимат ба коррупсия бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад

Декабрь 21, 2022 14:19

ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон омода аст дар муқовимат ба коррупсия бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад. Ин нукта дар шаҳри Ҷидда зимни вохӯрии якуми роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия аз ҷониби Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар Сулаймон Султонзода тазаккур дода шуд.

Вохӯрии мазкур 20-21 декабр бо мақсади қабули Конвенсияи Макка оид ба ҳамкорӣ миёни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ баргузор мегардад.

Дар он дар баробари намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмон ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сулаймон Султонзода иштирок дорад.

Директори Агентӣ доир ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар сухан гуфта, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.


«Кишвари мо омода аст бо созмону ташкилоти байналмилалие, ки дар самти муқовимат ба падидаи манфур фаъолият мебаранд, ҳамкории судманд ба роҳ монад», — таъкид кард ӯ.

Дар фарҷом иштирокчиён вохӯриро имкони хуб барои ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти муқовимат ба коррупсия ва барқарор кардани робитаҳои корӣ бо мақомоти дахлдори кишварҳои узви Созмон маънидод намуданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Декабрь 21, 2022 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд