Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар муқовимат бо коррупсия таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 21.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар муқовимат бо коррупсия таҳким мебахшанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар.
Масъалаи мазкур 19 декабр дар Ҷидда зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Раиси Хадамоти назорат ва мубориза бо коррупсияи Арабистони Саудӣ Мазин ибни Иброҳим Ал-Каҳмус мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ миёни ду мақомот баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои байниидоравӣ дар доираи санади ҳамкории муштарак ба танзим дароварда шаванд.
Зикр гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ёдовар мешавем, ки Сулаймон Султонзода ҷиҳати иштирок дар якумин вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия дар Ҷидда қарор дорад.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






