Тоҷикистон ва Беларус додани иҷозатнома ба ҳамлу нақли автомобилиро афзоиш медиҳанд

Декабрь 20, 2022 12:21

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Беларус ба мувофиқа расиданд, ки табодули варақаҳои иҷозатномадиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро то соли 2023 вусъат диҳанд.  Дар ин бора зимни ҷаласаи комиссияи ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Беларус, ки 29-30 ноябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд, иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази  матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳайати Беларус таҳти сарварии сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбарии шаҳрии Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия Андрей Гладкийро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Беларус дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои рушди дуҷониба  иқтидори назаррас дорад.

«Ҳаҷми ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқоли бор тавассути нақлиёти автомобилӣ ва эҳтиёҷ ба ҳамлу нақли ду кишвар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки соли 2023 теъдоди иҷозатномаҳо барои ҳамлу нақли муштараки автомобилӣ зиёд карда шавад», — омадааст дар гузориш.

Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди минбаъдаи интиқоли байналмилалии автомобилӣ миёни ду кишвар шароит фароҳам оварда шавад.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 20, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад