Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ба маблағи 50 млн доллар Созишномаи грантӣ ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барномаи такмили бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ–зербарномаи 2» Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) ба имзо расонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маблағи умумии барнома 50 млн доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии рушд бо мақсади дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Созишномаи мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон–Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз тарафи Бонки Осиёии рушд хонум Шенни Кемпбелл–Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






