«ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ». Дар Душанбе «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила то соли 2023» татбиқ мегардад

Декабрь 21, 2022 17:01

ДУШАНБЕ, 21.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Вохӯрии се насл» — таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд, ки дар он ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз дошт, ки «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» бо мақсади пурзӯр намудани механизмҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зӯроварӣ дар оила, бақайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ тасдиқ гардидааст.

Дар ҳамоиш сиёсатмадорон, собиқадорони меҳнат, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, коршиносону муҳаққиқон, фаъолзанону ҷавондухтарони шаҳри Душанбе ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Зикр шуд, ки барнома дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи милитсия», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба пешгирии зӯроварӣ дар оила равона гардидаанд, таҳия шудааст.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Зарина Зуҳурова иброз намуд, ки имрӯз саҳми занон дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа хеле назаррас аст ва бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат занону бонувон имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон фаъолият доранд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гавҳар Шарофзода дар хусуси қабул ва татбиқи қонуну фармонҳо ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба занон гуфт, ки зимни таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ маҳз барои баланд бардоштани нақшу мақоми бонувон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба таъмини баробарии гендерӣ дар ҷомеа диққати хосса дода мешавад.

Таъкид гардид, ки мартаба ва эҳтироми занон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми шоён ба худ касб кард. Баргирифта ба ҳурмату иззате, ки дар гузашта нисбат ба зан-модар зоҳир мешуд, дар замони соҳибистиқлолӣ мартаба ва мақоми занон ба таври назаррас боло рафт ва онҳо дар радифи мардон аз ҳеҷ кори давлатию ҷамъиятӣ дур намонданд. Балки занон пайваста ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар вазифаҳои мухталиф ҷалб гардида, барои рушди бештари соҳаҳои мухталифи кишвар аз дониш ва қувваи созандаи онҳо кор гирифта шуд.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода иброз дошт, ки Конститутсияи кишвари мо ба масъалаи оила муносибати хосса дошта, тибқи моддаи 33-и он муқаррар шудааст, ки «давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2022 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд