Ҳайати Федератсияи байналмилалии дзюдо ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 11.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (ФДТ) ва ҳайати баландпояи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои кишвар хабар доданд.
Дар мулоқот муовини аввали президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ва роҳбари ҳайатаи Федератсияи байналмилалии дзюдо Владимир Барта ҳамкории ду ниҳоди варзиширо дар самти тақвият бахшидани корҳо дар амалисозии иқдомҳои нави ФДТ баррасӣ намуданд.
Роҳбари ҳайати меҳмонон паёми табрикотии президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визерро ба президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои интихоб шудан ба ин вазифа расонид.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар пойтахти Тоҷикистон бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ — Гран-при оид ба дзюдо, ки дар он наздик ба 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубораза хоҳанд бурд, баргузор мегардад.
Мусобиқа, ки «Grand Prix Dushanbe-2023» ном гирифтааст, 2 июни соли 2023 оғоз шуда, ду рӯз давом мекунад.
Қаблан бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо оид ба баргузор намудани мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe» барои солҳои 2023-2026 дар пойтахт тавофуқ ба даст омад.
Чанде пеш созишномаи лахлдор дар шаҳри Абузабӣ миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба имзо расид.
Сипас ҷонибҳо зикр карданд, ки дзюдо яке аз навъҳои варзиши рушдёфта дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Душанбе талош меварзад, то мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шавад.
Бояд гуфт, ки Гран-при оид ба дзюдо («Grand Prix») ҳар мавсим дар доираи мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар баъзе мусобиқаҳо варзишгарон метавонанд барои рейтинги олимпӣ имтиёз ба даст оранд.
Дар охири мусобиқа ҳар як ғолиб соҳиби 1800 имтиёз мегардад. Ин шумораи имтиёзҳо бораи ба даст овардани роҳҳат ба бозиҳои Олимпии Париж-2024 кумак хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» 35 медал ба даст оварданд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид






