ЗИНДАГӢ АЗ РӮИ ҚОНУНҲОИ ПАШТУНВОЛӢ. Толибон футболро манъ карданд

Январь 4, 2023 11:52

ДУШАНБЕ, 04.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Бодғиси Афғонистон «Толибон»* бозии футболро манъ карданд. Дар ин бора рӯзномаи «Ҳашти собҳ» хабар додааст. Бино ба хабари манбаъҳои рӯзнома, ифротиҳо ба федератсияи футболи Бодғис хабар додаанд, аз ин баъд бозӣ манъ карда мешавад. Федератсия дар навбати худ ба дастаҳои футбол хабар дод, ки то бекор кардани фармоиш онҳо набояд футбол бозӣ кунанд.

Толибон эълон карданд, ки футбол ба қоидаҳои дин мувофиқ нест ва онро бозӣ кардан мумкин нест.

Қаблан ифротиҳо дар вилояти Ғазнӣ низ бозии футболро бо либосҳои варзишӣ (шорт) манъ карда буданд ва дар вилояти Нимрӯз як ҷавонро барои пӯшидани либоси футболӣ латукӯб карданд.

Толибон* инчунин ба гӯштингирони мамлакат маслиҳат доданд, ки аз усулҳо танҳо такяи ростро истифода баранд. Гӯштингирӣ дар рӯи замин манъ аст. Ҳамсуҳбатони нашрия ҳамчунин таъйид карданд, ки дар Ғазнӣ мусобиқа барои афроди то 18-сола дар тамоми риштаҳои варзиш мамнӯъ аст.

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир толибон* ба дӯши табақаҳои гуногуни ҷамъият маҳдудияти зиёд гузошта, онҳоро маҷбур мекунанд, ки аз рӯи қонунҳои паштунволӣ (инчунин пахтунвалай ё ната — тарзи зиндагии паштунҳо, кодекси нонавиштаи қонунҳо, фалсафа, кодекси шарафи қабилаҳои паштун) зиндагӣ кунанд.


___________________

*Толибон — * гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон

Акс: AP

Январь 4, 2023 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид