Қазоқистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддати кишоварзӣ ба роҳ мемонад

Январь 20, 2023 10:13

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қазоқистон нақша дорад, ки ҳамкории дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият бахшида, содироти маҳсулот, аз ҷумла пиёзу сабзӣ ва карамро афзоиш диҳад. Ин матлаб 19 январ зимни мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов баён шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Барои татбиқи ин ҳадаф соҳибкорони Қазоқистон омодаанд, ки 15 миллион доллари амрикоӣ пешпардохт намоянд. Дар ҳолати фаъолияти устувор ҳаҷми содироти ин навъи маҳсулот метавонад то 45-50 миллион доллар афзоиш ёбад.

Зикр шуд, ки вилояти Хатлон метавонад дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол кунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 ҳазор тонна пиёзро дар бар мегирад.

Давлаталӣ Саид дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот муовини якуми Раиси вилоят ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муваззаф намуд, ки бо истифода аз тамоми имконият майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд. Пиёзе, ки дар мамлакати мо истеҳсол мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, аз ҷиҳати сифат дар Осиёи Марказӣ яке аз беҳтарин маҳсулот маҳсуб мешавад.

«Соли 2021 гардиши мол миёни ду давлат 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дода, тибқи пешбиниҳо, соли равон ин рақам ба якуним миллиард доллар расонида мешавад»,-гуфта манбаъ.

Зимни мулоқот вобаста ба парвариши лимӯ ва имконияти содироти он зикр шуд, ки ноҳияи Ҷайҳун яке аз маконҳои маъруфи лимӯпарварӣ буда, дар айни замон ҳосили лимӯ дар ин ноҳия фаровон аст ва онро метавонанд ба Қазоқистон содирот намоянд. Соҳибкорони Қазоқистон барои харидории ангури тоҷикӣ низ мароқ зоҳир мекунанд ва интизор меравад, ки ҳамкорӣ дар ин ҷода густариш ёбад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзии ду кишварро баррасӣ намуданд.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Январь 20, 2023 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд