Дабири кулли СҲШ: кишварҳои узви созмон ба ҳамдигарфаҳмии баланд ноил шуданд

Январь 6, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, сарфи назар аз буҳронҳо ва тағйирот дар ҷаҳон сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро нигоҳ медоранд. Дар ин бора дар суҳбат бо РИА Новости дабири кулли СҲШ Чжан Мин изҳор дошт.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузаштаи 2022 соли табдили чолишҳо ба имконот ва ноил шудан ба рушди нав буд.

«Дар тӯли сол вазъи геополитикии ҷаҳон дигаргуниҳои мураккаб ва амиқро паси сар карда, сиёсати байналмилалӣ, иқтисод, амният ва тартибот ба буҳронҳои сершумор дучор омаданд», — гуфт ӯ.

Бо чунин вазъият дучор шуда, кишварҳои узви СҲШ сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро нигоҳ дошта, мушкилотро дуруст арзёбӣ намуда, ба сӯи ҳамдигар равона шуданд.

Чжан Мин таъкид кард, ки ҳамаи давлатҳо ба ин ақида мувофиқанд, ки ҷаҳони берунӣ ҳар қадар печидатар ва мураккабтар бошад, дар доираи «оилаи бузург»-и СҲШ барои ҳифзи муштараки манфиатҳои рушди устувори минтақа ҳамон қадар бештар ҳамбастагӣ ва кумаки мутақобиларо бояд нигоҳ дошт.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд