Дар Бонки миллии Тоҷикистон нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат тавзеҳ дода шуданд

Январь 20, 2023 15:03

ДУШАНБЕ, 20.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат роҳнамо ва дастури беназир барои фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат маҳсуб мешавад. Ин нуктаро муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Фирдавс Толибзода зимни ҷаласа дар бонки мазкур зикр намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонк.

Дар ҷаласа муҳтавои Паём ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тавзеҳ дода шуданд.

Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки омӯзиши Паём бозгӯи он аст, ки нуктаҳои асосии он ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди давлатдорӣ ва ободию осудагии кишвар равона шудаанд.

Дар ҳуҷҷати зикршуда масъалаҳои рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозор, зиёд намудани содироти маҳсулот, ташаккули иқтисоди “сабз”, суръатбахшии рақамикунонии соҳаҳои иқтисодиёт ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба таври мушаххас номбар гардидаанд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат махсус зикр намуданд, ки дар шароити таҳаввулоти босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва рақобат барои дастрасӣ ба захираҳо ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бояд ҳамаи воситаҳои фаъолгардонии сармоягузорӣ истифода шаванд.

Дар Паёми навбатӣ ба масъалаҳои низоми бонкии мамлакат таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, таъкид шудааст, ки дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошад.

Зикр шуд, ки Паёми Пешвои миллат барои сокинони кишвар барномаи роҳнамои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат буда, ба боло бурдани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар равона шудааст ва онро метавон Паёми раҳнамунсоз баҳри созандагию ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ унвон кард.

Дар ҷаласа ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 24 декабри соли 2022 қабул гардид, баррасӣ шуд. Қонун аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Январь 20, 2023 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1258 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4447 то 9.4600 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Вашингтон дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳои байналмилалӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1260 то 0.1270 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1344 то 11.2500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1242 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1241 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1100 то 11.1704 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд