Дар Давос Форуми навбатии ҷаҳонии иқтисодӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 17.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 16 январ дар шаҳри Давоси Швейтсария ҷаласаи 53-уми Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) ба кор оғоз кард. Шиори форуми имсола «Ҳамкорӣ дар шароити ҷаҳони пароканда» аст. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, аз Давос теъдоди рекордии иштирокдорон – беш аз 2,7 ҳазор нафар дидан хоҳанд кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, маросими оғози форум дар сомонаи ФҶИ намоиш дода шуд.
Форум бори аввал шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус дар шакли анъанавӣ баргузор мешавад. Дар маҷмӯъ, дар форум шумораи рекордии иштирокдорон –зиёда аз 2700 нафар сиёсатмадорон, олимон, иқтисоддонҳо ва намояндагони ВАО аз 130 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омада, доир ба масъалаҳои глобалии мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва иқтисод мубоҳисаҳо баргузор мешаванд.
Дар маркази таваҷҷуҳи ВАО- ҷанбаҳои сиёсии форуми кунунӣ: бори аввал аз оғози пандемия иштирок намудани ҳайати баландпояи Чин, иштирок накардани Россия дар форум, ба хатти аввал баровардани мавзӯи Украина, ки дар форум аз тарафи ҳайати васеи вакилон пешниҳод мегардад, қарор мегиранд.
Ба рӯзномаи ҳамоиши Давос мавзӯъҳое, чун тағйирёбии иқлим, чолишҳои иқтисодии ҷаҳон, аз қабили таваррум ва суръати пасти рушд, ҳамчунин мубориза бо қарздории зиёд ва камбуди ғизо шомиланд.
Форум 20 январ ба анҷом мерасад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд






