Дар Душанбе масъалаи татбиқи иқтисоди «сабз»-ро баррасӣ намуданд

Январь 20, 2023 10:12

ДУШАНБЕ, 20.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи амалигардонии бандҳои «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода бо сардори шуъбаи муҳити зисти Департаменти иқтисодию экологии Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе Муҳаббат Камарова баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.

Зарафо Қиёмзода зимни мулоқот ба намояндаи Дафтари САҲА дар Душанбе ҷиҳати ҳамкории судманд бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва саҳми муносиб гузоштан дар беҳдошти муҳити зист изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории дуҷонибаи судманд Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе ба чопи маводи маърифатию иттилоотие, ки аз ҷониби кормандони Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ таҳия карда шудаанд,  ёрии ҳамаҷониба мерасонад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкории судмандро ҷиҳати амалигардонии бандҳои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалигардонии иқтисоди сабз, иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Конвенсияи Орхус дар соли 2023 мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 20, 2023 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд