Дар Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли равон 17 январ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо то шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода доир шуд.
Дар он муовинони вазир, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Қазоқистон, Чин, Узбекистон, Туркия, Олмон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2022 тариқи рӯнамо гузориши муфассал пешниҳод гардид.
Завқӣ Завқизода ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.
Дар охири ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






