Дар Душанбе сохтмони 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷараён дорад

Январь 5, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 05.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе соли 2022 7 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 924 ҷой ва 10 адад муассисаи таълимӣ барои 9090 нафар хонанда дар як баст мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин матлаб 4 январ зимни баргузории ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баён гардид, иттилоъ доданд дар Сарраёсати мазкур.

Соли 2023 низ ин иқдом идома ёфта, айни замон сохтмони 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 17 ҳазору 16 ҷой дар як баст идома дорад.

Ҷаласаи мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, Директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзода, аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ баргузор гардид.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31469 нафар тарбиягирандагон фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 96 ададаш буҷетӣ, 12 адад тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 53 адади дигар хусусӣ ба ҳисоб рафта, дар онҳо 1825 нафар мураббиён ва омўзгорон фаъолият доранд.

Зикр шуд, ки шумораи муассисаи таҳсилоти умумӣ дар айни замон дар шаҳри Душанбе 199 ададро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 адад зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии пойтахт 274920 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта (соли 2022 — 268402) 6518 нафар зиёд мебошад.

Шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 11479 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 266 нафар зиёд мебошад.

Дар идома барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ мутахассиси пешбари раёсати таъминоти методии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулчеҳра Файзиева бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардид.

Инчунин аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе», ҶДММ «Ватан ИКТ» ва ҶДММ «Симин» барои ҳамкории самарабахш дар амалӣ намудани барномаи электронии «eDonish» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Ба 9 нафар хонандагони фаъол ифтихорнома ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонигӣ тақдим карда шуд.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Январь 5, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон: «Низоми дувоздаҳсолаи таълим дар марҳилаи аввал ба таври пилотӣ амалӣ карда мешавад»
Хонандаи тоҷик «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон»-ро соҳиб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис ёфт
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омузгоронро барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ менамояд