Дар машқгоҳи Лоҳур бо ҷалби афсарони ҷузъу томи муҳандисии қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомад доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2023. /АМИТ «Ховар»/. Зимни ҷамъомади методӣ-таълимӣ дар пойгоҳи Маркази таълимии минтақавӣ оид ба хавфҳои воситаҳои хатарноки тарканда ва машқгоҳи низомии Лоҳур роҳу воситаҳои нави фаъолияти касбии низомӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар қисмати аввали ҷамъомад, ки ба таври назариявӣ ҷараён гирифт, масъулини Раёсати қӯшунҳои муҳандисии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ, аз ҷумла тартиби таҷҳизонидани истеҳкомҳои мудофиавӣ дар маҳали ҷанг, тавсифи тактикӣ-техникӣ, тарзи васлкунӣ ва кори борутҳои хандақӣ ва вобаста ба сохту таркиб ва қисмҳои асосии техникаҳои махсуси муҳандисӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд. Баромадкунандагон бо дарназардошти хизмати масъулиятнок дар сафи ҷузъу томи Қӯшунҳои муҳандисӣ таъкид карданд, ки пешбурди фаъолияти муҳандисӣ-минаҷӯйӣ аз ҳар афсари соҳа маҳорати баланди касбӣ ва омӯзиши техникаву таҷҳизоти ҳозиразамони соҳавӣ тақозо менамояд.
Ҳамзамон дар ҷамъомади таълимии навбатӣ ҳайати шахсӣ воситаҳои гуногуни фаъолияти муҳандисӣ, аз қабили ҳамвору барқарор намудани роҳҳо, сохтани гузаргоҳҳо барои техникаҳои низомӣ дар минтақаҳои душворгузар, ошкору безарар ва нобуд сохтани минаҳои тарканда, иктишофи муҳандисӣ, корҳои таркишиву безараргардонӣ ва дигар амалҳоро вобаста ба самти фаъолияти хизматӣ мавриди омӯзиш қарор доданд.
Зимнан, ба афсарони соҳа таъкид карда шуд, ки дар фаъолияти касбии хеш, ки асосан корҳои таркишиву безараргардонии минаҳо мебошад, масъулиятшинос бошанду ҷиҳати таълими дарусти сарбозон доир ба минаҷӯйӣ ва дарёфту безараргардонии он аз роҳу воситаҳои ҳозирамон истифода баранд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






