Дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон шарҳ дода шуд

Январь 9, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 09.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Пешвои миллат  ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ва татбиқи онҳо аз парлумон кори касбӣ ва масъулиятнокро тақозо мекунад. Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода зимни шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо аҳли Ҷамоати ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент баён намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ғиёсиддин Шарифзода иброз намуд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Ҳамчунин, Сарвари давлат  ба дастгирии иҷтимоӣ шаҳрвандони эҳтиёҷманд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар Паёми худ зикр намуданд, ки “…то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад…”

Ғиёсиддин Шарифзода тазаккур дод, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаю поквиҷдонона ҳисса мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои мазкур дар доираи ҳафтаи парлумонии минтақавӣ дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент баргузор гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Январь 9, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст
Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Президенти Сенати иёлоти Ютаи Амрико вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаро ба тасвиб расониданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон дар масъалаи идоракунии интернет, рақамикунонӣ ва технологияҳои муосири инноватсионӣ вохӯрӣ доир гардид
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати сенаторони Гурӯҳи дӯстии Сенати Фаронса «Фаронса — Осиёи Марказӣ» вохӯрӣ намуд
Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд