Дар Панҷакент Барномаи рушди ҳунармандӣ таҳия гардид

Январь 26, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 26.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025» баррасӣ ва тасдиқ карда шуд. Ин Барнома баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди ҳунармандӣ, ки дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон баён доштанд, таҳия гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Мавриди зикр аст, ки то таҳияи лоиҳаи Барнома ба феҳристи ҳунарҳои мардумии шаҳр 76 навъи ҳунармандӣ ворид ва беш аз 1140 нафар ҳунармандон ба қайд гирифта шудаанд.

Лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025» дар ҷаласаи Шӯро оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Барномаи мазкур, ки дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди ҳунармандӣ» ва «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст, ба аъзои Шӯро ва ҳозирин рӯнамоӣ гардид.


Барнома мақсад, роҳҳои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумиро дар Панҷакент, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, ташкили намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, марказу растаҳои ҳунармандӣ, Ассотсиатсияи ҳунармандони шаҳр, озмунҳо байни ҳунармандон, муқаррар намудани имтиёзҳо ва дастгирии молиявии онҳо, роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳунармандони давлатҳои ҳамсоя, омӯхтани таҷрибаи онҳо, иштирок дар ҳамоишу намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ, ҳамгироии рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, ташаккули инфрасохтори соҳа, бозорёбӣ ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандиро фаро мегирад.

Аъзои Шӯро ва иштирокдорон дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ ибрози назар намуда, онро заминаи муҳим барои рушди ҳунармандӣ донистанд. Дар ҷаласа нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли равон тасдиқ карда шуда, аъзои фаъоли Шӯро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Январь 26, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст